Дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон ифтитоҳ гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи бинои дуошёнаи марказ вазири корҳои доихии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳузур доштанд.

Зикр гардид, ки ифтитоҳи Марказ ба тадбирҳои муқовимат бо зуҳуроти хариду фурӯши одамон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, амнияти иттилоотӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ, моликияти зеҳнӣ, қочоқи сангҳои қимматбаҳо ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод.