Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ аз вилояти Суғд боздид мекунад. Ӯ рӯзи 11 сентябр бо сафари якрӯзаи корӣ ба маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хуҷанд раҳсипор мегардад.

Дар ҷараёни сафар сарвари давлат дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти гуногуни нави таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо аҳолӣ ва фаъолони шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар вохӯриву мулоқотҳо баргузор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ иштирок хоҳад кард.