Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки мардуми ӯзбек ва раҳбарияти ин кишвар метавонанд ба Русия ба сифати як дӯсти боэътимоди худ такя кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
“Умедворем он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт ва мо аз ҷониби худ тамоми талошамонро ба хотири пешрафти дуҷониба ба харҷ медиҳем, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистонро дастгирӣ мекунем. Метавонед ба кӯмаки мо ба таври комил ва ҳамаҷониба, ба ҳайси дӯстони худ такя кунед”, - гуфтааст ӯ.

Сарвари давлати Русия таъкид доштааст, ки президенти Ӯзбакистон равобити миёни ду кишварро дар доираи ҳамкориҳои стратегӣ бунёд карда буд. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ҳамкориҳои мардумиву фарҳангиаш бо Ӯзбакистонро қадр мекунад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки президенти Русия Владимир Путин қабри президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат намуда, бо гузоштани гучанбар рӯйи он ба хотираи ӯ арҷгузорӣ кард.



