Ҷангии маргталаб, ки назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек ба амали террористӣ даст зада буд, ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов шиноснома доштааст.

Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон, амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар ин кишварро узви “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” бо фармоиши гурӯҳҳои террористии уйғурии дар Сурия амалкунанда, ки бо гурӯҳи “Ҷабҳат-а-Нусра” робита доранд, содир кардааст.

Гуфта мешавад, ҷангимаргталаб узви созмони байнулмилалии террористии “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” дар Сурия буда, уйғур аст ва бо худ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, силсилаи “М 626881” ба номи Халилов Зоир, санаи таваллуд 15.01.1983-ро доштааст”, - таъкид мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки зодаи Ош Иззотилло Саттибаев, ки дар давраҳои омодагии террористӣ дар Сурия таълим гирифтаасту рӯзи 16 июн бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон омадааст, низ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.