Мандати Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид.
Дар сомонаи Созмон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст.
Гуфта мешавад, Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин ниҳоди ин созмон мебошад, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро дорад. Дар ҷаласаҳои он намояндагони ҳамаи 57 кишвар-иштирокчии САҲА ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.
Қобили зикр аст, ки САҲА ҳамасола то фарорасии соли нави ҳисоботӣ барои фаъолият дар дохили Тоҷикистон иҷозатнома дошт. Имсол ҷараёни тамдиди тамдиди муҳлати мандати САҲА дар Тоҷикистон каме ба дарозо кашид.
Бархе инро ба он рабт медиҳанд, ки соли гузашта Тоҷикистон чандин маротиба аз фаъолияти САҲА норозигӣ изҳор карда буд.
Моҳи сентябр бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк карда буд. Баъди ин Тоҷикистон ҳамкориҳои худ бо ин Созмонро маҳдуд кард.
Ҳамчунин нимаи аввали моҳи октябр ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор дониста буданд.
Дар ҳамин ҳол, муҳлати ваколати Дафтарҳои САҲА дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ то ҳол тамдид наёфтаанд. Охири моҳи сентябри соли гузашта Бишкек мақоми ҳузури САҲА дар Қирғизистонро тағйир дода, Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномавии САҲА табдил ёфт.




