Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияи Тоҷикистон» рӯзҳои 24-25 май аз ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъи ноҳияи Хатлон боздид намуд.

Asia-Plus

Дар маросими ифтитоҳи гармхона дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ, ки дар доираи ин лоиҳа сохта шудааст, сафири Русия Игор Лякин-Фролов, Директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Ян Харфст, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода Зариф ва дигарон ширкат варзиданд. 

Asia-Plus

 


 


 


Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин дар литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ синфхонаи машғулият барои омӯзиши адрасбофӣ низ ифтитоҳ гардида, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.

Asia-Plus

 


 


Дастрасии маҳдуд ба техникаи кишоварзӣ мушкилоти асосӣ дардеҳот аст ва тасмим гирифта шуд, ки дар чаҳорчӯби лоиҳа дар назди Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Бародарон-2016»-и ноҳияи Темурмалик пойгоҳи мошиниву тракторӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

Asia-Plus

 


 


Ҳамчунин дар ноҳияи Темурмалик дар назди курсҳои омӯзишии Агентии шуғли аҳолии ноҳия синфхонаи машғулиятҳо оид ба касби кафшергари барқу газӣ барқарор ва бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. 

Asia-Plus