Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд сокини 47-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Толиб Мирзобоқиевро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, куштори ду ноболиғ - Умедҷон Мирзобоқиев, соли таваллудаш 1997 (он замон 11-сола) ва Ситора Мирзобоқиева, соли тавалудаш 2002 (он замон 6-сола) соли 2008 дар шаҳри Екатеринбурги Русия содир шудааст.
Маҳкумшуда амаки онҳо, бародари падари 53-солааашон Қурбон Мирзобоқиев мебошад, ки соли 2002 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум ва то соли 2012 адои ҷазо кардааст.
Судя қайд кард, ки зани дуюми Қурбон шаҳрванди Ӯзбекистон Салима Мирзобоқиева 22 марти соли 2002 ба Екатеринбург рафтааст.
Толиб Мирзобоқиев ва писари бародари ӯ Манучеҳр Шавкатови он замон 19-сола Салима ва фарзандони ӯро сабаби ҷудошавии оилаи якуми Қурбон Мирзобоқиев дониста, ба ӯ аз лиҳозӣ моддӣ кумак намекардаанд. Тибқи маслиҳати пешакӣ, онҳо тасмим мегиранд, ки кӯдакони ноболиғро мекушанд.
Санаи 17 апрели соли 2008, вақте ки дар хона ҳеҷ кас набуд, онҳо ба иҷрои нақшаи худ пардохта, амаки ноболиғон Толиб Мирзобоқиев Умедҷони 11-сола ва бародараш хоҳари худро буғӣ карда ба қатл мерасонанд.
Барои рӯйпӯш кардани ҷинояти худ онҳо ҷасади кӯдаконро дар халтаҳо ҷо карда, онро дар партовгоҳи ҷангал мепартоянд.
Вале баъди 4 сол, моҳи апрели соли 2012 Манучеҳр Шавкатов ба мақомоти милитсияи шаҳри Екатеринбург омада, ба гуноҳаш иқрор мешавад. Суд ӯро ба 15,6 соли зиндон маҳкум кардааст.
Амаки кӯдакон Толиб Мирзобоқиев аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ӯро 5 июни соли 2017 дар зодгоҳаш, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боздошт кардаанд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста