Миёни сарони кишварҳои ИДМ русиягиҳо бештар ба Александр Лукашенок (62%) ва Нурсултон Назарбоев (56%) ва аз ҳама камтар ба Шавкат Мирзиёев (3%), Эмомалӣ Раҳмон ва Пётр Порошенко (1%) бовар доранд.
Собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба 5% (назарсанҷӣ нимаи моҳи ноябр, то сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гузаронида шудааст) ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов ба 4% эътимоди мардуми Русия соҳиб шудаанд.
Ин натиҷаҳо аз назарпурсии ҳамасолаи иҷтимоии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия (ВЦИОМ) таҳти унвони «Шарикони Русия дар паҳнои пасошӯравӣ» ба даст оварда шудааст.
Ба русиягиҳо доир ба баҳогузорӣ ба муваффақии кишварҳои ИДМ, кадоме аз онҳоро шарики Русия дидан мехоҳанд, дар куҷо аз ҳама хубтар ҳуқуқҳои аҳолии русзабон риоя мешаванд ва ба кадоме аз сарони кишварҳо онҳо бештар бовар доранд, саволҳо пешниҳод шуданд.
Барои русиягиҳо Беларус ва Қазоқистон кишварҳои аз ҳама бештар босубот ва муваффақ, қобили эътимод ва шарикони хуб боқӣ мемонанд. Беларусро ба сафи кишварҳои бештар муваффақи ИДМ 60%-и пурсидашудагон (соли 2016 - 68%), Қазоқистонро - 42% (соли 2016 - 51%) шомил кардаанд. Ба панҷгонаи аввал ҳамчунин Арманистон - 16%, Озарбойҷон - 14% ва Гурҷистон - 10% низ ҷойгир шудаанд.
Беларус (64%) ва Қазоқистон (57%)-ро русиягиҳо шарикони асосии Русия дар арсаи ҷаҳонӣ медонанд (аз кишварҳои ИДМ).
Аз лиҳози таъмини ҳуқуқҳои аҳолии русзабон низ Беларус (66%) ва Қазоқистон (38%) пешсафанад. Нишондиҳандаҳои дигар кишварҳо нисбатан камтар аст: Арманистон (11%), Озарбойҷон (6%), Молдова (6%), Гурҷистон (6%), Қирғизистон (5%), Ӯзбекистон (5%), Украина (5%), Тоҷикистон (4%), Туркманистон(2%).
Назарпурсии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия тариқи телефон байни 1200 нафар дар минтақаҳои гуногуни Русия гузаронида шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста