Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вакилони Шӯрои пойтахти Урдун - шаҳри Аммон пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Урдун бо оби нӯшокии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад.
Чуноне ки дар навори видео тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро вакилони шаҳри Аммон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки аз нигоҳи захираҳои оби ошомиданӣ Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ҳудуди 60 фоизи оби нӯшокии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.
«Барои интиқоли нафту газ дар саросари дунё садҳо ҳазор километр қубуру лӯлаҳо сохта шуда, магар имкон надорад, ки барои интиқоли оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Урдун қубур бунёд намуд?», - қайд кард зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти вазири захираҳои обу обёрии Урдун Хазем ал-Носир, ки гуфтаҳои ӯро нашрияи «Известия» меорад, камбуди об дар кишвари ӯ аллакай 600 млрд. литр дар як солро ташкил дода, маблағи пардохти 1 метри мукааби об 0,7 долларро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши аслии интиқоли он ба 2,5 доллар баробар аст. Урдун ҳамасола барои таъмини обу обёрӣ 277 млн. доллар маблағ харҷ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташриф овард. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Аммон ба Сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста