Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар аз масъулини давлатӣ талаб намуд, ки дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор қабул намоянд. Зеро кор дар ин соҳа ба занҳо мувофиқтар аст.
Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини давлатӣ дар соҳаи молия ва бонкдории кишвар талаб намуд, ки бо ҳисоботҳои хушку холӣ назарфиребӣ накунанд ва супоришҳоро воқеан иҷро намоянд.
Тибқи маълумоти оморие, ки Сарвари давлат зикр намуд, шумораи заноне, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ фаъолият менамоянд сол аз сол зиёд шуда, имрӯз наздики 70 дарсадро ташкил менамояд.
Соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват карда, таъкид намуд, ки ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста