26 декабр, пас аз ироаи паёми Президент ба парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи корӣ доир намуда супориш дод, то камбудиҳои дар кори вазорат ҷойдошта, ки дар паёми имсола зикр карда шуд, бартараф карда шавад.
Вазир расонидани ёрии аввалияи тиббии ройгонро дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон зери назорати шахсӣ гирифт.
Супориш дода шуд, ки дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар барои расонидани ёрии аввалияи тиббии ройгон дорувории зарурӣ муҳайё карда шавад.
Вазири тандурустӣ талаб намуд, ки камбудиҳо дар самти расонидани ёрии таъҷилӣ ба сокинон, махсусан шабонгоҳ пурра бартараф карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба парлумон аз ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаи тандурустии кишвар, аз ҷумла ҳангоми расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад, интиқод намуд.
Сарвари давлат аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент ёдовар шуда, зикр намуд, ки “дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад”. Ӯ гуфт, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар ронгон буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз нафари бемор маблағ ва доруворӣ талаб намояд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста