Барзу Абдураззоқов, режиссёри шинохтаи тоҷик пас аз се соли фаъолият дар театри Байтен Омаров “Жас Сахна” ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар ин театр ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият дошт.
Дар бораи ба Тоҷикистон омаданаш ин ҳунарманди шинохта дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дода , аз ҷумла навишт: “Акнун дӯстон ва ҳамкорони ман бо роҳи худ ҳастанд. Роҳи душвор ва хатарнок, зеро муваффақияти ба даст омадаро бояд ҳифз намоянд ва рушд диҳанд. Онҳо бояд мисли парранда болҳои худро кушода, ҷасорат пайдо кунанд ва худро ба варта андозанд, боқӣ ҳар чӣ дар тақдир аст. Ман бояд ба роҳи худ идома диҳам... Роҳи ман дигар аст...”
Ҳоло Барзу Абдураззоқов дар Душанбе аст, аммо дар як суҳбати кӯтоҳ бо мо гуфт, ки пас аз 10 рӯз ба пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона меравад ва он ҷо фаъолияташро идома медиҳад.
“Ин кори дигар ва дар театри дигар аст. Аммо ман танҳо дар Қазоқистон кор намекунам, бо театрҳои дигар давлатҳо низ ҳамкориро идома медиҳам”,-гуфт Барзу Абдураззоқов.
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ коргардони маъруфи театр Ҳабибулло Абдураззоқов ва модараш ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Дар соли 2009 намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93", ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста