Мусофирони ширкати миллии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр”-ро дар мавсими тирамоҳ ва зимистони имсола ба самти Россия, ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” интиқол медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр” хабар доданд.
Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, “ҷиҳати интиқоли мусофирони “Тоҷик Эйр” ба Россия бо ширкати “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст. Ин пешниҳод танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Россия дахл дорад".
Ӯ зикр намуд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкил, мутахассисони “Тоҷик Эйр” ба мусофирон кӯмак хоҳанд расонд.
Рақам барои тамос: (+992) 905 100 200, (+992 48) 701 50 42.
Рӯзҳои охир мусофирони “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби ба муҳлати дигар гузоштани парвозҳо, дучори мушкил шуда буданд. Пас аз Соли нав чанде аз парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба муҳлати номуайян гузошта шуд. Он вақт сабаби ба муҳлати номуайян гузоштани парвозҳоро ба тағйир ёфтани хатсайрҳо марбут дониста буданд.
Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК “Тоҷик Эйр” соли 1930 таъсис ёфтааст. Имрӯз дар ин ширкат беш аз 500 нафар фаъолият менамоянд. “Тоҷик Эйр” ба самтҳои Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алма-ато), Қирғизистон (Бишкек), Ӯзбекистон (Самарқанд) ва Россия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳамчунин, парвозҳои дохилӣ ба самти Хуҷанд ва Хоруғ низ ба роҳ монда шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста