Мардуми Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо вакилони парлумон аз сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд, аммо дар баробари ин, талаб доранд, ки мушкили иҷтимоии онҳо низ ҳал карда шавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон эҳсос менамояд, ки мардум ба роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар бовар ва эътимод дорад. Мушкиле, ки онҳо баррасӣ менамоянд, бештар иҷтимоӣ аст.

- Мардум мехоҳанд, ки соҳиби замин шаванд ва хона бунёд намоянд. Лекин ба он қитъаҳои замине, ки давлат ба онҳо аз ҳисоби заминҳои доманакӯҳ ва ё лалмӣ ҷуда мекунад, рафта хона бунёд кардан намехоҳанд. Замини обӣ мехоҳанд. Аммо давлат имкон надорад, ки ҳамаи заминҳои обиро барои бунёди хона тақсим намуда диҳад,-мегӯяд Саидҷаъфар Усмонзода.
Инчунин, мардум аз Саидҷаъфар Усмонзода бештар дар бораи проблемаҳои иҷтимоии хеш, аз қабили мушкили норасоии оби ошомиданӣ, баҳсҳои оилавии худ саволгузорӣ кардаанд.
Вакили дигари парлумон Олимҷон Салимзода, ки дар водии Зарафшон бо сокинон мулоқотҳо доир менамояд, мегӯяд, ки роҳандозии тағйиротҳои ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, барқарории муносибати хуби дӯстӣ бо давлати ҳамсояи Ӯзбекистон мавзӯи аслии суҳбатҳои ӯ бо интихобкунандагон аст.

- Ягона мушкиле, ки мардум дар чанд вохӯрӣ ба ман зикр намуданд, ба масъалаи дастрасӣ ба об вобаста аст. Ман ин мушкилро ба мақомоти дахлдор мерасонам ва талош мекунам роҳи ҳалли он пайдо шавад,-гуфт Олимҷон Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ вакилони парлумони Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ сафари корӣ намуда, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳо менамоянд ва паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста