Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон 605 км. роҳ таъмир карда шуд. Ӯ гуфт, ки бо кӯмаки соҳибкорон ва сокинон асосан роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир карда шуд.
“Имсол аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 60,8 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 8,9 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон ба маблағи 75,5 млн. сомонӣ 875 км. роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ таъмир карда шуд. Аз 605 км. роҳи таъмиркардаи соҳибкорон ва сокинон 155 км. асфалтпӯш карда шуд”,-гуфт вазири нақлиёт.
Ӯ зикр намуд, ки дар навбати худ вазорати нақлиёт онҳоро бо техника ва коркунон таъмин намудааст.
“Барои таъмири роҳе, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон анҷом дода мешавад, мо техника ва корманд ихтисос медиҳем. Масалан, соли гузашта дар Рашт аз 155 тонна битуми барои таъмир зарурӣ, 131 тоннааш бо маблағи соҳибкорон харидорӣ карда шуд. Ният дорем, ки ин таҷрибаро соли ҷорӣ низ идома диҳем”, -иттилоъ дод вазир.
Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки барои асфалтпӯш кардани як метр роҳ 26 доллар сарф мешавад. Агар як километр роҳ 7500 метри квадратӣ бошад, пас барои асфалтпӯш кардани он 196 ҳазор доллар зарур аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста