Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи кӯчаи Карамов дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (наздикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) то 5-уми март қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти дахлдори пойтахт супориш додааст, ки то ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи мазкур, ҳаракати нақлиёт, махсусан нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи роҳҳои дигар таъмин карда шавад.
Тибқи супориши раиси шаҳр, мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар минтақаи мазкур ҳаракати мунтазами нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милиса ва хадамоти оташнишониро таъмин намоянд.
Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки ҳаракати нақлиётро тариқи роҳҳои дигар роҳандозӣ намуда, амнияти шаҳрвандон ва ҳаракати мошинҳо дар роҳҳоро таъмин кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста