Комиссияи Федератсияи футболи ҷаҳон (ФИФА) ба хулосае омад, ки макони баргузории мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 - соларо тағйир диҳад. Дар ин маврид хадамоти матбуоти федератсияи мазкур иттилоъ медиҳад.
Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 - сола бояд дар давлати Перу баргузор мегардид, аммо пас аз дидори намояндагони ФИФА аз ин давлат ва мулоқот бо намояндагони Федератсияи футболи Перу, мушкили зиёди вобаста ба корҳои омодагӣ ошкор гардид.
“ФИФА ба хулосае омад, ки макони баргузории ҷоми ҷаҳонро тағйир диҳад, он дар Перу баргузор намегардад. ФИФА ба Федератсияи футболи Перу ва мақомоти ин кишвар барои кӯшиш ва талоши омода кардани шароит изҳори сипос менамояд. Рӯзҳои наздик ФИФА макони алтернативии баргузории ҷоми ҷаҳонро мушаххас менамояд”,-омодааст дар варақаи иттилотии созмон.
Қарори дар Перу баргузор намудани ҷоми ҷаҳон оид ба футбол моҳи марти соли 2018 гирифта шуд. Он замон дар қатори Перу, инчунин Руанда низ даъвогари баргузории ҷоми ҷаҳон дар қаламрави худ буд, ки дар ниҳоят бинобар ҷой доштани мушкилот дар ин кишвар, дархости он рад гардид. Мусобиқоти мазкур бояд аз 5 то 27 октябри соли 2019 баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон - 2019 роҳхат гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста