Аз субҳи барвақт назди хонаи ҳунарпеша дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт одамони зиёд ҷамъ омада буданд, то эҳтироми худро ба ҳунарпешаи дӯстдошта ва соҳибэҳтиром Мушаррафа Қосимова баён намоянд.
Дар байни ҷамъомадагон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент, Кумитаи радио ва телевизион, роҳбарон ва ҳунарпешагони театрҳо, ҳамчунин дӯстон, шогирдон, мухлисону ҳаводоронро дидан мумкин буд.
Одамон дар хусуси ҳунарпеша, ҳунар ва шахсияти ӯ хотироти худро нақл мекарданд.
Дар сухани хайрбодии худ Шамсиддин Орумбекзода нақши муҳими ҳунарпеша дар рушди театри тоҷикро зикр намуд.
- Модари меҳрубон то охирин лаҳзаҳо бо намояндагони фарҳанг буданд, маслиҳатҳои хуб медоданд. Номи ӯ барои ҳамеша дар қалби ҳамаи мо нақш хоҳад баст. Нақши ӯ чун “модари театри тоҷик” абадӣ хоҳад буд,-гуфт Шамсиддин Орумбекзода.
Ӯ ҳамчунин ба наздикону пайвандони ҳунарпеша аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
Ҳампешагону ҳамкорони ҳунарпеша низ ҳамдардии худро баён намуда, хотироти худро баён доштанд.
- Мо имрӯз ҳунарпешаи бароямон хеле азиз, асосгузори Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутиро аз даст додем. Ӯ нақшҳои гуногун, аз ҷумла фоҷеа, ҳаҷв ва драммаро метавонист бо ҳунари воло иҷро намояд. Мо инсони бисёр хубро аз даст додем,- зикр намуд ҳунарпешаи Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Носир Ҳасан.
Намози ҷанозаи ҳунарпеша дар масҷиди Қарамиршикор баргузор гардид ва тобути ӯ дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супорид шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста