Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишвории Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ба мушкилоти мубодилаи асъор дучор шудаанд.
Онҳо аз Русия маводи сӯзишворӣ харида, онро ба кишвари мо оварда мефурӯшанд. Бо сомонӣ. Барои овардани миқдори нави сӯзишворӣ сомониро мебояд бо рубли русӣ ё доллар иваз намуд. Гӯё як чизи оддие бошад. Дар амал бошад, иҷрои он ғайриимкон аст. Дар суратҳисобҳои ширкатҳои воридкунанда миллионҳо сомонӣ ҷамъ шуда, лекин онҳоро ба рубл ё доллар иваз карда наметавонанд. Мутаносибан, дар Русия низ ба харидани миқдори нави маводи сӯзишворӣ имкон надоранд.
Тибқи баъзе маълумот, дар суратҳисобҳои танҳо як ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, ки наздики 55% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвориро ба кишвари мо ворид мекунад, аллакай беш аз 200 млн. сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст, ки ба 1,5 млрд. рубли русӣ баробар аст. Раҳбарияти ин ширкат аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида, дар ҳамин ҳол, вазъро “мушкил” эътироф намуд.
Дар дигар ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, ки мо ба онҳо муроҷиат намудем, қайд карданд, ки ивази сомонӣ ба асъори мубодилаи озод торафт душвор мешавад. Дар ҳамин ҳол, роҳбарони бахши бонкӣ масъаларо ба тавре возеҳу аён ба онҳо шарҳ намедиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъҳои огаҳ аз вазъ, чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ аллакай баҳри кумак дар ҳалли масъала ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Ширкатҳо огоҳ мекунанд, ки агар дар ин самт таъҷилан баҳри ислоҳи вазъ чораҷӯӣ нашавад, воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба таври қобили мулоҳиза кам шавад ё комилан қатъ гардад.
“Ҳатто камбуди начандон зиёди маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши он боис гардида, дар натиҷа қиматшавии дигар ҳама маҳсулот низ оғоз мегардад, зеро ба нуқтаҳои фурӯш маҳсулот бо нақлиёт расонида мешавад”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов.
Ӯ дар бораи оқибатҳои қатъи воридоти сӯзишворӣ барои нақлиёт ба муддати ҳамагӣ чанд шабонарӯз коршиносона изҳори назар кард.
Шакли пурраи мусоҳиба дар шумораи нави газетаи «Asia-Plus», ки аллакай дар фурӯш аст, қобили дарёфт мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста