Бобои кӯдаки хурдсол дар бораи бенишон шудани наберааш ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Тибқи аризаи ин марди 49-сола, набераи ӯро нафари ношинос рӯзи 7-уми сентябр, тахминан соати 9:30 бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиашон рабудааст.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро бо гумони одамрабоӣ дастгир кардаанд. Гумонбар пеш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) суд шудааст. Ӯ кӯдакро бо мақсади талаби маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол рабуда, ба хонаи хоҳараш – зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурдааст ва дар он ҷо то соати 16:10 нигоҳ доштааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рабудани кӯдакон аз назди биноҳои истиқоматӣ ҳодисаи аввал нест. Маротибаи дигар як марди ношинос талоши рабудани наврасеро дар назди бозори “Корвон” карда буд. Он мард кӯдакро танҳо баъд аз фарёди занон раҳо карда, аз ҷойи ҳодиса гурехта буд.
Соли гузашта Икром Ҳамидови 9-сола низ аз назди бинои итиқоматии худ (кӯчаи Борбад 64/2) бедарак гардида, то ҳол пайдо нашудааст. Модари Икром – Зулфия Ҳомидова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз иттилое дар бораи фарзандаш надорад.
Ба қавли Зулфия, дар бенишон шудани фарзандаш ҳамсояи ӯ Зокир Ҷабилов даст дорад. Ин зан мегӯяд, фарзандони худро ба танҳоӣ тарбият мекунад. Вай афзуд: “Ман пешниҳоди издивоҷи Зокир Ҷабиловро рад намудам ва бовар дорам, ки дар бенишон шудани фарзандам ҳамин одам гунаҳгор аст”.

Икром ягона кӯдаке нест, ки бенишон шудааст. Шаш сол пеш хоҳарон Араловаҳо (23-юми марти соли 2013) дар маркази шаҳр бедарак шуданд. Маликаи 6-сола ва Сабринаи 4-сола аз назди бинои истиқоматиашон, воқеъ дар қарибии маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли равон 202 ноболиғ дар ҷумҳурӣ бенишон гардидаанд, вале ҳамаи онҳо дарёфт ва ба хонаводаашон баргардонида шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста