Муаллифони беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯи “Деҳи ман як пораи хоки ватан” соҳиби мукофот шуданд.
Озмуни мазкур моҳи июни соли ҷорӣ эълон шуда, наворҳоро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷамъ овард. Иштирокдорони он бояд дар як навори 60-сониягӣ аз табиат, одамон, зиндагӣ, мушкилот ва далелҳои ҷолиби деҳаи худ нақл мекарданд. Ҳар навор бояд ба суоли “Чаро ҷаҳониён бояд деҳаи шуморо бубинанд?” посух медод.
Ин видеоҳо дар торнамои Радиои Озодӣ ва сафаҳоти он дар YouTube, Facebook, Instagram, Telegram ва Одноклассники нашр шуда, садҳо ҳазор нафар онҳоро тамошо карданд.
Тибқи хулосаи 13 аъзои ҳакамон, ки аз зумраи синамогарони касбӣ, шоирон ва рӯзноманигорону блогнависон буданд, видеои Файзалӣ Сафаров аз деҳаи Лайрони болои ноҳияи Сангвор беҳтарин дониста шуд. Дар маросими супоридани ҷоизаҳо, ки имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Hilton” баргузор шуд, роҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба ӯ шоҳҷоиза – видеокамера тақдим кард.
Ҷойҳоии дуввуму сеюмро Фурӯзонфар Искандаров барои навор аз деҳаи Табушн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Амрина Абдуназарова барои видео аз ноҳияи Ишкошим соҳиб шуданд. Ба онҳо планшет ва смартфон туҳфа гардид.
Радиои Озодӣ дар гузашта низ чунин озмунҳоро зери унвони “Ончӣ мебинам” ва “Хотираҳои СССР” роҳандозӣ карда, ба ғолибон ҷоизаҳо супоридааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста