Додгоҳи низомии ҳавзаи Урали Русия се узви "бандаи ФСБ” – Евгений Гладков, Александр Кобилин ва Сергей Синяковро, ки дар куштори тоҷикон даст доранд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аснои содир кардани ҷиноят онҳо кормандони раёсати Хадамоти амнияти федеролӣ (УФСБ)-и Тюмен буданд.
Ин се нафар дар муддати солҳои 2008-2017 соҳибкорони тюменӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро зери фишор қарор додаанд. Онҳо дар содир кардани 53 куштор айбдор дониста мешаванд, ки 7-тои он исбот шудааст.
Аъзои “бандаи ФСБ” панҷ муҳоҷири тоҷикро куштаанд, ки ин ҳам исботи худро ёфтааст. Онҳо барои санҷиши тирҳои худсохт шаҳрвандони Тоҷикистон Тоиров ва Сайфиддиновро ба қатл расонидаанд. Тоҷикони дигар Касиров ва Холмирзоевро барои тарсонидани соҳибкорони маҳаллӣ тир задаанд. Боз як шаҳрванди Тоҷикистон - ронандаи такси Зокирҷон Холмуродовро барои он куштаанд, ки мошини ӯро дар ҷиноятҳои дигар истифода кунанд. Дар ин хусус расонаҳои русиягӣ бо истинод ба Додгоҳи ҳавзаи низомии Урали Русия хабар медиҳанд.
Дар натиҷа Евгений Гладкин бо ҷурми даст доштан дар шаш куштор ба 25 соли зиндон, Александр Колибин барои қатли ду нафар ба 12 сол ва Сергей Синяков ба 13 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.
Додгоҳ инчунин қарор кардааст, ки аз ҷинояткорон ба фоидаи хешовандони ҷабрдидагон зиёда аз 6 миллион рубл рӯёнида шавад, хабар медиҳад Правда УрФО.
Роҳбари даста Владимир Гилев дар боздоштгоҳи тафтишотӣ худкушӣ карда буд. Узви дигари ин дастаи ҷинояткорон Алексей Коротков ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд. Боз як узви гурӯҳ Сергей Зозуля дар кофтукови байнулмилалӣ қарор дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



