Пахтакорони шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои 100-дарсадии ҷамъоварии ҳосили имсола хабар доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати пахтакорон имрӯз ба раиси шаҳри Леваканд Заррина Давлатзода сипоснома ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.
Гуфта мешавад, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Леваканд соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз беш аз 2310 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи Заррина Давлатзода, кишоварзони шаҳр тасмим доранд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим пурра ҷамъоварӣ кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста