Дар назди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ кушода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Маркази мазкур бо ибтикори Сафорат ва Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Алмаато таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи ин Марказ муовини раиси Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, сарвари департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато, консулони генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Алмаато, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Консули генералии Тоҷикистон зимни сухани табрикотӣ дар бораи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон бо Қазоқистон гуфт: “Ифтитоҳи расмии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои кишварҳои мо гувоҳӣ медиҳад”.

Сарвари департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато дар суханронии худ қайд кардааст, ки кушодашавии Маркази мазкур фазои наверо барои донишҷӯён фароҳам меорад ва ифтитоҳи он фалсафаи асосии СММ, аниқтараш созмони ЮНЕСКО, яъне наздикшавии фарҳангҳоро инъикос мекунад.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳозиринро аз номи роҳбарияти он таҳният гуфта, ба муаллимон ва донишҷӯён дар кору таҳсили минбаъдаи онҳо комёбиҳо таманно кард.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён ашъори шоирони классикии форсу тоҷикро қироат намуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста