Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 2 варзишгари тоҷик бар рақибони худ пирӯз шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобиро мағлуб карда, ба даври ҳаштякфиналӣ роҳ ёфт. Ӯ дар 1/8-финал бо варзишгари Бритониё Каррис Артингсталл қувваозмоӣ мекунад.

Варзишгари дигари тоҷик Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64 кг бар намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ дастболо шуда, ба даври чорякфиналӣ баромад. Ӯ рӯзи 10-уми октябр бар муқобили варзишгари рус Екатерина Динник ба ринг мебарояд.

Ду муштзанбонуи дигари тоҷик – Идимоҳ Холова аз варзишгари Ӯзбекистон Шаҳноза Юнусова ва Шоира Зулқайнарова аз варзишгари Венесуэлла Омайлин Алкала мағлуб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 13-уми октябр дар шаҳри Улан-Удеи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.