Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ба маъракаи “60 рӯзи меҳнати зардбор дар пахтазор” пайваст.
Номбурда, ки намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Қушониён вобаста ба тадбиқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад, саҳми худро дар ин маърака гузоштааст.
Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16-уми ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” даври навбатии мусобиқаи оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
Дар 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор мавҷуд буда, кишоварзон дар ин мавсим ният доранд, беш аз 275 ҳазор тонна ҳосил ғундоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста