Имрӯз дар Боғи Ирами пойтахт иди Меҳргон ва рӯзи кишоварзон ҷашн гирифта шуд.
Кишоварзон ва сохторҳои дахлдори кишвар дар майдони боғ ихтирооти соҳавӣ, техникаю мошинолот ва молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин ярмаркаи фурӯши меваю сабзавот, зироати ғалладонаю полезӣ ва асалу гиёҳҳои шифобахш ҷараён гирифт. Маҳсули ҳунарҳои мардумӣ низ дастраси ҳозирин буд.
Дар ин маросими идона шахсони масъули ҳукумати ҷумҳурӣ ва шаҳрдории Душанбе, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, инчунин сокинони пойтахту навоҳии тобеи марказ ва Суғду Хатлону Бадахшон ширкат варзиданд.
Зимнан беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ бо нишону мукофот қадрдонӣ шуданд.
Дар идомаи ҷашн барномаи фарҳангии “Замзамаи Меҳргон” баргузор шуд. Аҳли шеъру адаб ва сарояндагону дастаҳои мусиқӣ офаридаҳои худро дар мавзӯи Меҳргон пешкаши ҳозирин карданд.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5-уми августи соли 2009 “Меҳргон” ҳамчун иди миллӣ эътироф шуда, тайи чанд соли охир дар қаламрави кишвар таҷлил мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш дар паёми худ ба муносибати Меҳргон чунин изҳор дошт:
“Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.
Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то хони мардум пур аз файзу баракат бошад.
Пирӯзии некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии ҷашни Меҳргон низ мебошанд.
Абӯрайҳони Берунӣ дар асари худ оид ба ҷашни Меҳргон маълумот дода, аз ҷумла, бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ғалабаи хайрро бар шарр таъкид кардааст.
Кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноати сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста