Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон табодули таҷрибаи мусбати байниминтақавиро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дастгирӣ менамояд.
Сафари миллии серӯза оид ба таҷрибаи мусбат дар байни мутахассисони сохторҳои давлатӣ – субъектҳо оид ба иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, ки фаъолияти худро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон амалӣ мекунанд, 18-уми октябр ба итмом расид.
Зимнан мутахассисони гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иборат аз 16 нафар намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Ҳукумат ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд, ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷ тавонистанд, ки бо фаъолияти кории Ҳуҷраи пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди ШКД-и ш.Хуҷанд шинос шаванд.
Иштирокдорони боздид оид ба чораҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар заминаи зӯроварии хонаводагӣ мубодилаи иттилоот карданд. Онҳо инчунин бо механизмҳои ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва усули кори Маркази захиравии занони назди ТҶ «Азит» шинос шуда, оид ба таҷрибаи ҳамкории Ҳукумати вилояти Суғд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумот гирифтанд.
Намояндагони вилояти Хатлон оид ба фаъолияти мусбати гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҳамчун воҳидҳои асосии сохторие, ки баҳри татбиқи Барномаи давлатӣ дар минтақаҳо ҷалб карда шудаанд, инчунин таҷрибаи барои Тоҷикистон нодири фаъолияти хизматрасонии махсус оид ба ислоҳи рафтори зӯроварони оилавӣ аз шаҳри Леваканд табодули таҷриба карданд.
Дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иштирокчиёни вохӯрӣ тавонистанд, комёбиҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи Барномаи давлатиро муҳокима карда, таҷрибаи мусбати ҳосилшударо дар минтақаҳои худ истифода баранд.
Сафар оид ба табодули таҷриба дар доираи Лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Тақвияти амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон», дар ҳамкорӣ бо филиали ГОПA мбХ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста