Футболбозони тоҷик дар 2 бозии аввали марҳилаи интихобӣ бар ҳарифон пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.
Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон баргузор шуд, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба кард. Вале аз тими футзали Ӯзбекистон (3:9) шикаст хурд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷойи аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷойи дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “В” дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд.
Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян шуданд. Ин дастаҳои Туркманистон (мизбон), Лубнон, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Ҷопон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Тайланд, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ветнам мебошанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, рӯзи 27-уми октябр аз Эрон ба Ватан баргашт.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27-уми феврал то 8-уми марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста