Кормандони милитсияи сайёҳии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир ба ҷаҳонгардони хориҷии гумшуда ва бераводид кумак расониданд.
Аз аёлати Техаси ИМА ба телефони таъҷилии Шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ шаби 25-уми октябр, соати 2:45 хабар доданд, ки сайёҳи хориҷӣ бо номи Хавйер Лебритон гум шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, баъд аз гирифтани координатҳо аз тарафи кормандони милитсияи сайёҳӣ муайян гардид, ки номбурда дар самти ноҳияи Рашт гум шудааст.

Дар натиҷа бо ёрии кормандони Шуъбаи сайёҳӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ сайёҳи хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Рашт дарёфт шуда, барои ташхис ба беморхонаи шаҳраки Ғарм интиқол гардид. Дар ин бора ба ИМА низ хабар дода шуд.

Ҳамчунин кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ ба як сайёҳи амрикоӣ, ки дар сарҳади Ишкошим бераводид монда буд, раводиди электронӣ дастрас карда, ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Ба ҷуз ин, кормандони милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин дар гузаргоҳи сарҳадии Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба 2 сайёҳ аз давлати Фаронса, ки аз Чин ихроҷ шуда буданд, ёрии амалӣ расонида, ба онҳо раводиди электронӣ дастрас карданд.
Сайёҳони мазкур ҳангоми бозгашт ба ватанашон ба кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ изҳори сипос кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста