Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори Ҳукумати ҶТ Камолзода Фарҳод аз вазифаи Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ба вазифаи муовини якуми раиси КДАМ ҶТ таъин шудааст. Ҳамзамон Файзуллозода Муҳаммадсаид раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон таъин гардид.
Инчунин бо фармони раисҷумҳур “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ёдрас мекунем, ки ӯ зимни гирифтани 2000 доллар пора дастгир шуда буд.
Бо фармони дигари сарвари давлат Умедҷон Раҳматҷонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Бӯстон озод карда шуд.
Дар мувофиқа бо раисҷумҳур инчунин сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҶТ, сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаи рақами 2-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуданд.
Ба ҷуз ин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин гардиданд.
Раисҷумҳур кадрҳои навтаъини КДАМ ва ВКД-ро ба ҳузур пазируфта, аз ҷумла таъкид кард: «Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд».
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста