Ронандаи “Газел” дар ҳолати мастӣ ба автомашинаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст, ки дар натиҷа 4 мусофир ба ҳалокат расида, ду нафар захмӣ шудаанд.
Бино ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” Даврон Саидови 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи “Опел-Вектра” Хирад Расулови 30-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамчунин сокини ноҳияи Ховалинг Мазорӣ Ҳабибуллоев, соли таваллудаш 1987 ва Нуриддин Ҷӯраев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва боз як мусофири дигари автомашинаи мазкур – марди тахминан 25-30-сола, шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” ва мусофири дигари “Опел-Вектра” Маҳмадшариф Шарифов, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста