Ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар муҳоҷирати меҳнатии Русия бо марди 51-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша карда, бо корд ба қафаси синааш задааст. Он мард аз ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Бино ба иттилои ВКД, ноболиғ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ин куштор 20-уми октябри соли 2019 дар вилояти Маскав ба амал омадааст.

Нисбат ба ноболиғ аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 (Одамкушӣ) КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.