Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хоруғи ВМКБ дар озмуни байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” дар Гурҷистон пирӯз гардиданд.
“Тоҷикистонро дар ин олимпиада 7 нафар хонандагони мактабҳои Бадахшон муаррифӣ карда, ҳамаи онҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд”, - гуфт ба Asia-Plus корманди Раёсати маорифи ВМКБ Панҷшанбе Назаршоев.
Аз байни онҳо Зуҳро Алифбекова, хонандаи мактаби №7-и шаҳри Хоруғ сазовори унвони Қаҳрамони мутлақ (Суперчемпион) гардида, ҳамчунин Аниса Имомбердиева, толибилми синфи 7-и литсеи Оғохон ва Шоҳғиёс Маҳмадризохонов, хонандаи синфи 6-и мактаби президентӣ унвони Қаҳрамон (Чемпион)-ро ба даст оварданд.
Ҷойи аввалро муҳассилини литсеи Оғохон – Хайрилобек Абдуламиров (синфи 6) ва Зуҳро Элназарова (синфи 4) соҳиб шуданд.
Доварони озмун ба Абдулназар Мавлоназаров, хонандаи синфи 4-и мактаби президентии шаҳри Хоруғ мақоми дуюм ва Зуҳро Шафиева, хонандаи синфи 7-и мактаби №2 ҷойи сеюмро лоиқ донистанд.
Ин толибилмонро имрӯз, 27-уми ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд. Ба гуфтаи корманди Раёсати маорифи ВМКБ, ҳоло онҳо дар шаҳри Хоруғ барои истиқболи ғолибони озмун омадагӣ мебинанд.
“Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин шогирдонро барои пирӯзӣ дар олимпиадаи байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” самимона таҳният мегӯяд”, - афзуд Назаршоев.
Ёдовар мешавем, ки ин озмун рӯзи 22-юми ноябр дар Гурҷистон бо ташаббуси “Асотсиатсияи ҷаҳонии арифметикаи зеҳнӣ” (GAMA) гузаронида шуд. Дар он хонандагон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста