Шурӯъ аз 1-уми декабри соли ҷорӣ арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар Хуҷанд барои аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба ҳисоби миёна 20% гарон шуд. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” иттилоъ доданд.
Минбаъд сокинони маҳаллӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирам ва рафъи 1 метри мукааб партовоб 80 дирам мепардозанд. То ин замон барои ҳамин андоза оби ошомиданӣ 1 сомонӣ ва барои рафъи партовоб 60 дирам муайян шуда буд.
Нарх барои ташкилотҳои буҷавӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 2 сомонию 04 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонию 20 дирам бо иловаи 18% андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст. Пештар ташкилотҳои буҷавӣ баҳри оби ошомиданӣ 1 сомонию 70 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонӣ мепардохтанд.
Ҳамзамон барои ташкилотҳои хоҷагидорӣ нарх бетағйир мондааст. Онҳо барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 6 сомонӣ ва рафъи партовоб 1 сомонию 70 дирам месупоранд.
Мудири кулли КВДК “Хуҷандобуканал” Носир Ғафурзода мегӯяд, ин болоравии нарх дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами №165 аз 25-уми октябри соли ҷорӣ ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти рақами №732 аз 26-уми ноябр “Дар бораи тасдиқ намудани нархномаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовоб” сурат пазируфтааст.
Вай афзуд, ки бори охир арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар шаҳри Хуҷанд 1-уми январи соли 2017 боло рафта, то кунун бетағйир монда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста