Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 2,1 тона доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификати мутобиқатро нобуд кард.
Аз маркази матбуоти сарраёсати мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин миқдор мавод дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар сӯзонида шуд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали соли равон 971 номгӯйи чунин доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона дар ҳаҷми 9 тоннаю 386 кг ба маблағи қариб 530 ҳазор сомонӣ маҳв карда шудааст.
“Аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда 622 номгӯй тариқи аризаҳои муроҷиатии муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ барои безарар кардан ба сарраёсат супорида шудаанд. Ҳамчунин 260 номгӯй зимни санҷишҳои мутахассисони саррраёсат аз муомилот гирифта шуданд”, - афзуд манбаъ.
Зимнан тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони 155 парвандаи ҳуқуқвайрокунӣ дар нисбати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, оғоз гардида, онҳо ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста