Сокини 41-солаи шаҳри Душанбе, ки баъд аз муноқишаи оилавӣ бедарак шуд, даст ба худкушӣ задааст. Ҷасади ӯро 8-уми декабр наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Кӯли ҷавонон берун оварда, барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супориданд.
Тибқи иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, марҳум соҳиби 2 фарзанди ноболиғ ва ду маълумоти олии тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст.
Хабар дода мешавад, ки ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳоло рӯшан нест ва мақомоти салоҳиятдор ба тафтишу муайян кардани сабабҳои он пардохтаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса торнамои “Ахбор” иттилоъ додааст, ки ҷасади ин мардро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз об берун оварданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар пойҳои мард санг баста, сипас ғарқаш кардаанд. Гӯё ин мард дар прокуратураи ҳарбӣ кор мекард, чанд вақт боз беномунишон шуда буд ва мақомот ҷустуҷӯяш доштанд.
Ба “Азия-Плюс” дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, инчунин Прокуратураи шаҳри Душанбе маълумоти корманди ҳифзи ҳуқуқ будани марди фавтидаро тасдиқ накарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста