Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли алоҳӣ дар вилояти Хатлон аз аввали соли равон 30 ҳазору 722 нафар бекоронро ба қайд гирифтааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори ин раёсат Қобилҷон Файзализода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар 11 моҳи сипаришуда ба шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36 ҳазору 395 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 30 ҳазору 722 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3307 нафар бештар аст.
“Аз шумори умумии ашхоси муроҷиаткарда 22 ҳазору 26 нафари онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд”, - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, аз ҷамъи бекорони дар қайди ин мақомот буда ба 3065 нафар кумакпулӣ ба маблағи умумии 1,7 миллион сомонӣ пардохт шудааст. Ҳамчунин ба 884 нафар ашхоси бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, ба маблағи 3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шудааст.
“Мо ба он нафароне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, аз ҷумла, шахсони маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, нафарони аз маҳбасҳо озодшуда ва сарбозони аз сафи артиши миллӣ ҷавобшуда таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Барои ин гурӯҳи муроҷиаткардагон имтиёз (квота) пешбинӣ шуда, аз аввали сол 1 ҳазору 304 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд”, - гуфт Файзализода.
Вай афзуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ҳангоми гузарондани 285 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 3 ҳазору 391 нафар сокинони бекор бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъмин шуданд. Дар баробари ин 2 ҳазору 509 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
“Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, мо ҳамчунин шаҳрвандони бекорро ба омӯзиши ихтисосҳои гуногун фаро мегирем. Дар назди раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо Марказҳои омӯзишии калонсолон фаъолият мекунанд. Дар 11 моҳи гузашта 6 ҳазору 330 нафар хоҳишмандон ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат фиристода шуданд”, - афзуд ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста