Бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хоруғ расман ифтитоҳ шуд.
Тавре Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ин бино аз 5 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити муосир мебошад.
“Дар дохили бино китобхона, толори варзишӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои кимиёву биология муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Коллеҷи тиббӣ дорои хобгоҳ барои 240 донишҷӯ буда, таҳсили донишҷӯён аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар он имконпазир аст”, - гуфт ӯ.

Ниятбеков афзуд, ки ифтитоҳи бинои мазкур бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ сурат пазируфт.
Зимнан раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо муваффақият таманно кардааст. Ҳамзамон Шодихон Ҷамшед иброз доштааст, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хоруғ боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои онро куллан тағйир хоҳанд дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста