Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи ҳамноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо он асоснок шудааст, ки солҳои охир дар он ҷо дафтарҳои кории муосир, меҳмонхонаҳо ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд.
Масъалаи мазкур имрӯз дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати панҷум баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ иттилоъ дод.
Дар иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва «Дар бораи хазинадорӣ», ҳамчунин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор кодексу қонунҳо баррасӣ мешаванд.
Ба ҷуз ин, аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд ва масоили дигар мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ қарор мегиранд.
Дар робита раиси Маҷлиси миллӣ ба кумитаҳо ва дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дастур дода буд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлили воқеии санадҳои қонунгузории то давраи соҳибихтиёрии кишвар қабулгардидаро ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба таҳияи имтиёзҳо барои рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳои асоснок ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ ирсол кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста