Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов 4 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро 2-юми январ ба нафақа гусел ва ба ҷойи онҳо шахсони дигарро таъин кард.
Ба иттилои МИМҲД ВМКБ, ӯ бо изҳори сипос аз хизматҳои Арамбегим Маҳтобшозода – мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Сардорбек Азорабеков – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Покиза Раҳматшоева – сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Рамазон Рамазонов – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Душанбе, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ ба нафақа гусел кард.
Инчунин Акрамхон Кучакшоев ба вазифаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Асламшоева ба вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ ва Имомназар Хоҷаназар ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ таъин шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, Арамбегим Маҳтобшозода то ба нафақа баромадан ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят фаъолият мекард. Замоне ӯ дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кор карда, вакили Маҷлиси миллии кишвар низ буд.
Нилуфар Асламшоева, ки ӯро дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ иваз кард, қаблан ба ҳайси муовини раиси телевизиону радиои ВМКБ фаъолият дошт.
Раиси вилоят аз кормандони навтаъин даъват ба амал овард, ки содиқона ба Ватану миллати худ хизмат кунанд
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Cунатулло3 январ, 2020 12:43
Бе қонунӣ..