Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қаблан маҳсули корҳои худро пешниҳод карда буданд.
Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.
Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТ-ро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд. Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.
Дар хабар омадааст, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода баранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста