Данғара барои ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтарин ноҳияи соли 2019 дар вилояти Хатлон дониста шуда, соҳиби шоҳҷоиза – мошини “Тойота” гардид.
Дар шумори навоҳии беҳтарини сол ҳамчунин ба ноҳияҳои Дӯстӣ сабукрави “Хундай” ва Қубодиён мошини “Опел-Зефира” туҳфа шуд.
Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи тантанавии бахшида ба Иди Сада рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Бохтар супорид.
Ҳамчунин беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ ва расонаҳои давлатӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Қурбон Ҳакимзода мардуми вилоятро бо Иди Сада таҳният гуфта, изҳор дошт, ки Хатлон яке аз истеҳсолгарони асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ аз мутахассисон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ дархост кард, ки барои афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот кӯшиш ба харҷ диҳанд, то нафақат бозорҳои вилоят, балки ҷумҳурӣ низ бо маҳсулоти тару тоза таъмин шавад.
Бахшида ба Ҷашни Сада дар майдони назди театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоиши маҳсулоти вилояти Хатлон ташкил шуда, маросими идона ҷараён гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста