Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои аз байн бурдани тарси гирифторӣ ба коронавирус ва рӯҳбаланд сохтани сокинони маҳаллӣ бо иштироки беш аз 6000 нафар иди Наврӯз таҷлил шуд.
Дар маросими идона, ки 2 соат давом кард, дар баробари сокинони шаҳр ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳаллӣ ширкат варзиданд.
“Ин чорабинӣ барои рӯҳбаландиву хотирҷамъии мардум баргузор шуд, то касе ба воҳима наафтад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода.
Вай афзуд, ки марказҳои тиббии маҳаллӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ омодаанд.
Дар робита ба ин масъала аз ҷонишини сардухтури шаҳри Истаравшан Ғафурҷон Маъруфӣ пурсидам: “Агар Худо нокарда, коронавирус дар шаҳр пайдо шавад, оё имкони табобати мардум ва пешгирии паҳншавии беморӣ ҳаст? Чӣ миқдор кат омода шудааст?”.
Ғафурҷон Маъруфӣ гуфт: “Дар беморхонаҳои Истаравшан барои қабули шаҳрвандони сироятёфта ҳамагӣ 250 кат омода шудаанд. Аз ин теъдод қисме дар беморхонаҳои деҳаҳои Ругунд, Лакат ва Сӯфӣ Ориф ҷой доранд”.
Тавре маълум гашт, на ҳамаи одамоне, ки имрӯз ба варзишгоҳи марказӣ омада буданд, аз коронавирус ва роҳҳои паҳншавии он хабар доранд.
“Ҳаминро медонам, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон намеояд”, - бо боварии комил изҳор дошт Зуҳро Ашурова, сокини шаҳри Истаравшан.
Бонуи дигар Муаттара Бобоҷонова гуфт: “Ин як беморӣ мебошад, лекин аз ҳисоби ҳавои тоза, оби тоза, кӯҳҳо доштанамон, коронавирус аз мо дур аст”.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста