Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯзи 23-юми июн ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) мошини интиқолдиҳандаи сӯзишвории тамғаи “Дулан” оташ гирифт.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа сӯхтор ба амал омада, оташ ба дигар зарфҳо, аз ҷумла, зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашт ва таркиш рух дод.
“Ба ҷойи ҳодиса кормандони Қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвон ҳозир шуда, сӯхторро, ки масоҳаташ 60м2 ташкил медод, бартараф карданд”, - қайд шудааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор 4 нафар шаҳрвандон ва 4 нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зиёни расида ҳисоб шуда истодааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста