Абдуллои Муҳаққиқ, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки солҳои ахир аз баҳсҳо канор рафта буд, субҳи имрӯз дар сини 57-солагӣ бар асари бемории пневмония даргузашт. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи наздиконаш, Абдуллои Муҳаққиқ ахиран ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш гирифтор шуда буд, ки бар асари ҳамин беморӣ фавтид.
Абдуллои Муҳаққиқ, ки номи аслияш Холбозор Шарипов аст, мутаваллиди соли 1963 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Чандин солҳо дар шуъбаҳои гуногуни ВКД Тоҷикистон кор карда ва аз ин ниҳод ба нафақа рафта буд. То чанд соли ахир дар Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолият мекард ва дар расонаҳо ба унвони коршинсои масоили динӣ ва амниятӣ назар медод.
Абдуллои Муҳаққиқ то чанд сол пеш яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки бо пайравони ҳизбу ҳаракатҳои феълан дар Тоҷикистон мамнуъи динӣ баҳсҳои доманадоре дошт. Аз ҷумла ӯ бо пайравони ҷараёни салафия баҳсҳои тезу тунде роҳ меандохт.
Абдулло Муҳаққи ҳамчунин бо пешниҳодҳои пурбаҳсаш дар расонаҳо низ маъруфият дошт. Аз ҷумла ӯ январи 2016 баъди эътои унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон дар хабаргузории давлатии “Ховар” пешниҳод карда буд, ки хонуми Президенти Тоҷикистон Азизамо Раҳмонова “пешвои занҳои мусалмон” эълон шавад.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба наздикону пайвандони Абдуллои Муҳаққиқ сабру шикебойӣ мехоҳад ва ба марҳум раҳмати илоҳиро таманно мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста