Фаббинг (аз забони инглисӣ phabbing – муносибати беэҳтиётона, phone - телефон) - одати дар вақти сӯҳбат доимо ба телефон бозӣ кардан аст. Инро метавон вобастагӣ ҳам гуфт. Истилоҳи мазкурро корманди агентии таблиғотии McCann дар соли 2012 пешниҳод кардааст.
Фаббинг на танҳо муносибатҳои ҳамарӯзаро хароб мекунад, балки ба рӯҳияи инсон таъсир мерасонад. Ҳамзамон, фаббинг дар одам тарсу ҳаросеро ба вуҷуд меорад, ки ӯ метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизи муҳимеро нодида монад.
Тибқи гуфтаи пажӯҳишгарони Донишгоҳи Кент, занон нисбат ба мардон бештар ба фаббинг гирифтор мешаванд. Гузашта аз ин, ин одат сирояткунанда аст. Масалан, агар дӯсти шумо машғули бозӣ бо телефони худ бошад, пас шумо низ мехоҳед, ки телефонатонро ба даст гиред.
Чӣ хел мо метавонем аз ин вобастагӣ раҳоӣ ёбем?
1. Дар вақти таомхӯрӣ телефонатонро дар рӯйи миз нагузоред. Ҳарзамон, ки чашматон ба телефон меафтад, дар Шумо ҳиссиёте бедор мешавад, ки онро ба даст гиред.
2. Ҳангоми вохӯрии шахсӣ аз телефон истифода накунед. Бо ин Шумо ба ҳамсӯҳбати худ нишон медиҳед, ки ӯро ҳамчун як иштирокчии муҳими муколама мешуморед. Инчунин бо ин роҳ метавонед худро аз фаббинг дур намоед.
3. Агар доимо дар алоқа будан ба кори Шумо лозим набошад, беҳтар аст, ки телефони одӣ бихаред.
4. Агар Шумо ба вохӯрии муҳим меравед, пас дӯстон ва наздиконатонро огоҳ намоед, ки танҳо бо масъалаҳои ҷиддӣ ба Шумо занг зананд. Ин барои ҳар сари 10 дақиқа телефонро ба даст нагирифтани Шумо кӯмак мекунад.
5. Бифаҳмед, ки чаро вақти зиёди худро ба телефони мобилиатон сарф мекунед. Замоне, ки ба суоли худ ҷавоби дуруст ёфтед, ба истифодаи босамари вақт шурӯъ кунед.
6. Дар смартфони худ ҳолати беовозро фаъол кунед. Инчунин онро аз барномаҳо ва аккаунтҳои нолозими шабакаҳои иҷтимоӣ тоза кунед. Бо ин роҳ, шумораи паёмҳоро кам мекунед, ки шуморо ҳамеша парешон мекунанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста