Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ” тасмим гирифтааст, ки дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ Театри лухтаки сайёр таъсис диҳад. Тавре роҳбари ташкилоти мазкур Зоҳир Шомусаламов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, онҳо талош доранд ҳарчи зудтар намоишҳои театриро дар вилоят рӯйи саҳна биоранд, чун намоишҳои театр барои кӯдакон як ҷаҳони дигари зебоӣ хоҳад дод.
Шомусаламов мегӯяд, ки театр, аслан сайёр мешавад ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намоишҳои театришудаи худро пешкаши бинандагон мекунад. Ва намоишҳоро бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Ӯ гуфт, ки коргардонҳои театр кӯшиш мекунанд, ки дар барбари намоишҳои гуногуни ҷаҳонӣ, қиссаву афсонаҳои қадимаи халқи тоҷикро низ ба бинанда пешниҳод намоянд. Ва табиист, ки намоишҳо ахлоқӣ, тарбиявӣ мебошанд.
Ҳоло таъсисидиҳандагони театр тасмим доранд, ки фаъолияти худро дар бинои театри пешини вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз намоянд. Вале мегӯянд, барои фаъолият дар бино иҷозати раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро бояд дошта бошанд ва баъдан бо иҷозати Вазорати фарҳанг онҳо метавонанд кори худро шурӯъ намоянд.
“Бо раиси вилоят дар мавриди пешниҳоди худ ҳамсубат хоҳем шуд. Баъдан аз Вазорати фарҳанг бояд иҷозати фаъолият бигирем. Вале умед аст, ки ҳар ду ҷониб тасмими моро дастгирӣ ҳоҳанд кард. Ҳоло корҳои маъмурӣ ва ҷамъоварии гуруҳро низ оғоз намудем. Ва агар иҷозати фаъолият зудтар дода шавад, аз моҳи декабр намоишҳои худро ба роҳ хоҳем монд ”, - иброз дошт раиси ташкилти ҷамъиятии “Рузбеҳ".
Наргис Розиқова, роҳбари бадеии Театри давлатии “Лухтак” - и шаҳри Душанбе низ тасмими гирифтаи Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ”-ро саривақтӣ унвон кард ва гуфт. “Хоруғ низ бояд театри “Лухтак”-и худро дошта бошад”.
Розиқова мегӯяд, “Театри давлатии “Лухтак” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъол аст ва дар шаҳри Хоруғ низ бояд фаъол гардад. Худи Зоҳир Шомусаламов барои таъсиси Театри “Лухтак” дар шаҳри Хоруғ бо мутахассисони Театри давлатии “Лухтак”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат гардида, дар тамрини ҳунармандон низ ширкат намуд. Ва мо дар ҳама ҳолат омодаи дастгирӣ ҳастем”, - илова кард номбурда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста