Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи охири сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Нови-Сади Сербистон медали биринҷии ин сабқатро дар вазни 62 кг ба даст овард.
Хушқадам дар даври аввал аз самбокори рус Александр Матайс бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар даври шонси дубора ё тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои ҷойи севум Фарҳод Абжалиеви қирғизро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Имсол, ки қаҳрамонии самбои ҷаҳон зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ доир шуд аз Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор паҳлавон тавонистанд ба ин сабқатҳо бираванд, ки ҳамаи онҳо соҳиби медалҳои ин мусобиқот шуданд.
Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми вазни 90 кг, Акмаллидин Каримов медали нуқраи вазни 57 ва Самиъҷон Абдушукоров дар миёни ҷавонон медали биринҷиро ба даст овард.
Хушқадам Хусравов серҷоизатарин самбокори тоҷик аст, ки то кунун дастовардҳои такрорношудае дар таърихи самбои тоҷик дорад. Ӯ соли 2018 дар Руминя қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд, ки баъди Сайидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сеюмин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки ин унвонро ба даст овардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста