Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 20-уми ноябр доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод,
Ба гуфтаи номбурда, “имрӯз аз Додгоҳи вилояти Маскав занг зада хабар доданд, ки рӯзи 20-уми ноябр соати 11 мурофиаи навбатӣ доир мегардад”.
Саидов ҳамчунин илова кард, ки вазъи саломатии гумонбар дар қатли духтараш Александр Сёмин хуб арзёбӣ гардида, дар мурофиа иштирок хоҳад кард. Инчунин мегӯяд, ки ҳимоятгари онҳо Шавкат Умаров ба ин мурофиа омода аст ва аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия мурофиаро зери назорат гирифтаанд то одилона баррасӣ гардад.
“Борҳо гуфтам, ки Симён бемор нест ва мо бояд ин мурофиаро бурд кунем, ки рӯҳи ҷигарбандам осуда гардад. Ва ин ғалабаи на танҳо ман, балки кулли Тоҷикистон хоҳад буд. Баъди ҳукми ниҳоиии додгоҳ ба ватан бармегардам. Хеле хаста шудам”, -илова кард номбурда.
Шавкат Умаров, ҳимоятгари Саидов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” рӯзи 1-уми октябр гуфта буд, Александр Сёмин дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад ва дар ин муддат низ парванда қатъ карда нашудааст ва тафтишот идома дошт.
Ӯ он замон гуфта буд, “табибон вазъи саломатии гумонбарро хуб арзёбӣ намудаанд. Вале ҷониби судшаванда аз рӯи қарори табибон шикоят бурдааст. Агар шикоят қабул нашавад, Сёмин ба суолҳои мо посух хоҳад дод. Чун ҳамаи далелҳои парванда ҷамъоварӣ шудаанд ва интизори ҳукм ҳастем”, - гуфт Умаров.
Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста